Август 26, 2023 10:37 Asia/Dushanbe
  • Аввалин марҳалаи мусобиқоти кишварии беҳтарин корманди давлатӣ дар байни занони Тоҷикистон

Аввалин марҳилаи мусобиқоти кишварии беҳтарин корманди давлатӣ дар байни занони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оғоз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар академияи мудирияти давлатии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бахш аз мусобиқот дар байни занони корманди дастгоҳҳои иҷроии шаҳри Душанбе оғоз шуд. Дар рӯзи аввали мусобиқа тибқи муқаррарот мутақозиёни озмӯн дар бахшҳои ( диктант ) ба забони рӯсӣншо ба забони расмӣ ва кор бо компютер бо ҳам рақобат карданд.
Ин мусобиқа ба манзури таъйини бартарин зан аз байни кормандони дастгоҳҳои иҷроии шаҳри Душанбе баргузор мешавад .
Кумитаи занону хонаводаи Тоҷикистон бо ҳамкории Ожонси хадамоти мулкии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаро баргузор мекунанд.
Ҳадаф аз баргузории мусобиқа тақвияти дониш,маҳорат ва ҳирфаӣ будани занони корманд афзоиши ҳисси меҳанпарастӣ ва ғурури миллӣ, таъмини ҳуқуқу манофеи занон ва омодасозии кормандони пешрав ва шукуфоии истеъдоди занону духтарони мустаъид дар соли 2023 эълом шуд .
 

 

Барчасп