Кумаки 14 миллионевроии Олмон ба Тоҷикистон барои сохти мактаб
Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва Бонки тавсеаи Олмон қарордодеро имзо карданд, ки бар асоси он қарор аст дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон чандин муассисаи омӯзишӣ сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.
Ба гузориши хабаргузории Форс,ин санад тавассути Завқӣ Завқизода-вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва Андрес Шнайдер-мудири минтақаии Бонки тавсеаи Олмон дар Осиёи марказӣ дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.
Бар асоси ин қардод Олмон дар қолаби як кумаки ройгон барои иҷрои пружаи « ҳимоят аз тавсеаи омӯзиши мутавасситаи умумӣ ва дастрасӣ ба таъсисоти обрасонӣ, беҳдоштӣ дар манотиқи дурдаст » барои сохту сози муассисоти омӯзишӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва ҳамчунин шаҳри Душанбе 13.97 миллион евро ба Тоҷикистон ихтисос медиҳад.
Бинобар гузориши Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз оғози иҷрои ин пружа тавассути Иттиҳодияи Аврупо ва Олмон дар маҷмӯъ 44 .1 миллион евро дар қолаби кумаки молӣ ҷазб шудааст.
Бештар бихонед :