Август 29, 2023 14:20 Asia/Dushanbe
  • Китоби “ Тоҷикон ” дар Сурия мунташир шуд

Интишороти Буалии шаҳри Димишқ, пойтахти Ҷумҳурии арабии Сурия асари академики тоҷик Бобоҷон Ғафуров бо номи “ Тоҷикон ”- ро дар ду ҷилд ба забони арабӣ мунташир кард.

Ба гузориши Ховар, ин китоб зери назари Назруллоҳи Назар, узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон анҷом шудааст.
Ин китоб тавассути доктор Иброҳими Истонбулӣ,нависандаву мутарҷими саршиноси сурӣ ба арабӣ тарҷума шудааст.
Тарҷумаи осори маҷмӯъае аз нависандагони бузурги рус аз ҷумла Расул Ғамзатов ва дигари нависандагони доғистонӣ ба арабӣ мутаъаллиқ ба қалами доктор Иброҳим Истонбулӣ аст.

Бештар бихонед :

 

Барчасп