Дидори раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бо вазири умӯри хориҷаи Фаластин
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бо Риёз ал-Моликӣ-вазири умӯри хориҷаи Фаластин дидору гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши Ховар, Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои ин дидор зимни истиқбол аз сафари Риёз ал-Моликӣ ба Тоҷикистон ифтитоҳи расмии сафорати давлати Фаластин дар Душанберо табрик гуфт ва таъкид кард, ки ин ибтикор ба тавсеаву густариши равобити ҳасанаи байни тарафҳо дар заминаҳои мухталиф кумаки муассир хоҳад кард.
Дар ин гуфтугу масоили ҳамкории байни Тоҷикистону Фаластин мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон бо ҳимоят аз густариши бештари равобити дуҷониба бар аҳамияти тақвияту беҳбуди асосҳои қарордодӣ ва ҳуқуқии ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мавриди алоқа таъкид кард .
Аз назари тарафҳо ҳавзаҳои мухталифи иқтисодӣ ва тиҷорӣ ва ҳамчунин ҳавзаҳои фарҳангӣ, илмӣ ва фанноварӣ, омӯзишӣ ва пизишкӣ ба унвони заминаҳои умедворкунандаи ҳамкорӣ арзёбӣ шуданд.
Бештар бихонед :
- Дидори мақомоти Тоҷикистон ва Фаластин
-
Имзои ёддошти ҳамкорӣ байни мақомоти мубориза зидди фасоди Тоҷикистон ва Фаластин