Алоқамандии Тоҷикистон ва Покистон ба тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ ва дифоъӣ
Дар дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси кумитаи муштараки ситоди артиши Покистон вазъияти кунуни ва чашмандози ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи амниятӣ ва дифоъӣ барраси шуд.
Дар дидори Эмомалӣ Рамҳон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо генерал Соҳир Шамшод Мирзо раиси кумитаи мутарак ситоди артиши Покистон дар мавриди вазъияти кунуни ва чашмандози равобити дустона ва ҳамкориҳои чандваҷҳи байни ду кишвар аз ҷумла дар заминаҳои амниятӣ ва дифоъӣ баҳсу табодули назар сурат гирифт.
Таъкид шуд ки байни Тоҷикистон ва Покистон дар арсаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ ва иқтисодӣ, нержӣ, ҳамлу нақл, иртиботот, амниятӣ, дифоъӣ ва фарҳангӣ таъомулоти қобили таваҷҷуҳи шакл гирифта аст.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибрози ризоят аз раванди мусмири самари равобити сиёсии кунуни мизони эътимоди мутақобил байни мақомоти олии ду кившарро дорои сатҳи боло унвон кард.
Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба мушорикати Тоҷикистон ва Покистон дар арсаҳои амниятӣ ва дифоъӣ иртиботи пай дар пайи намояндагони сохторҳои марбутаи ду кишварро муфид ва дар ростои манофеъи мутақобил донист.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси кумитаи ситоди артиши Покистон бо таъкид бар вуҷуди равандҳои нигаронкунандаи замони кунуни хостори тақвияти бештари ҳамкориҳо дар арсаи мубориза бо терроризм, тавлид ва қочоқу маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар заминаҳои мавриди алоқаи дуҷониба шуданд.