Вазири тандурустии Тоҷикистон аз анҷоми 4000 амали ҷарроҳии пешрафта дар нимаи аввали имсол хабар дод
(last modified Wed, 30 Aug 2023 08:26:42 GMT )
Август 30, 2023 13:26 Asia/Dushanbe
  • Вазири тандурустии Тоҷикистон аз анҷоми 4000 амали ҷарроҳии пешрафта дар нимаи аввали имсол хабар дод

Вазири тандурустии Тоҷикистон мегуяд, дар нимаи аввали соли ҷорӣ ҳудӯди 4000 амали ҷарроҳии пешрафта анҷом шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, ки дастрасии мардум ба ҷарроҳиҳои пешрафта ва гаронқимат дар Тоҷикистон асонтар шудааст.

Вай афзуд, дар 6 моҳи нахусти имсол ҳудӯди 1100 ҷарроҳии қалбу урӯқ дар марокизи дармонии давлатӣ ва хусӯсӣ анҷом шудааст.

Абдуллозода гуфт, ҳудуди 1.6 ҳазор амали ангиография ва беш аз ҳазор амали ангиопластикй низ анҷом шуд.

Вазири тандурустии Тоҷикистон изҳор кард, ҳамчунин барои 319 бемори амали ҷарроҳӣ таъвизи мафсал ва барои 124 нафар низ амали ҷарроҳии пайванди узв анҷом шуд.

Вай афзуд, ки дар ин муддат 30 бемор аз хориҷ аз кишвар дар Тоҷикистон дармон шуданд.