Баҳрабардорӣ аз ду маркази омӯзишӣ бо ҳузури раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон
Бо ҳузури раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон муассисаи омӯзиши миёнаи умумии шумораи 53 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин муассисаи омӯзишӣ аз 5 бинои бо ҳам пайвасти 4-ошёна иборат буда, мутобиқ ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар масоҳати 0,76 гектар бунёд ёфтааст ва барои 2400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Мактаб аз 50 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, биология, география, синфхонаҳои лингафонӣ, нақшакашӣ, таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаи компютерӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, толори мусиқӣ ва хореографӣ, озмоишгоҳҳо, китобхона бо толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандони муассиса, равоншинос, нуқтаи тиббӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон пас аз ошноӣ бо фурсати эҷодшуда дар мактаби навсоз, аз сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ибрози ризоят ва аз мутахассисони дохилӣ ба далели мушорикат дар раванди иқдомоти сохтмонӣ ва сохти мактаби замонавӣ ташаккур ва қадрдонӣ кард.
Ҳамчунин бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муассисаи омӯзишии томактабии рақами 40-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ифтитоҳ шуд.
Дар ин муассисаи омӯзишӣ шароиту фурсатҳои муносиб барои омӯзишу парвариши 250 кӯдак вуҷуд дорад . Тадрис дар 11 гуруҳ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ анҷом мешавад.
Ин муассиса аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дар он 23 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Ба ғайр аз синфхонаҳои тарбиявӣ дар муассиса ошхона, толорҳои варзишию мусиқӣ, толор барои маҳфили кӯдакон, ҳуҷраи тиббӣ, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошанд.