Сентябр 13, 2023 10:12 Asia/Dushanbe
  • Писари Мирзо Турсунзода шоири номдор ва қаҳрамони миллии Тоҷикистон даргузашт

Масъуд Турсунзода, писари бузург ва фарзанди дуюми қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода даргузашт.

Ба навиштаи сомонаи Спутник, ба иттилои наздикон, Турсунзода субҳи 12 сентябр дунёро падрӯд гуфта, дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе ба хок супорида шуд.

Масъуд фарзанди дуюм ва писари калонии Мирзо Турсунзода буд, ки ба гуфтаи наздикон аз бемории қанду дарди дил ранҷ мебурд.

Писари хурдии Турсунзода - Парвиз соли 2021 даргузашта буд. Фарзанди калонии Мирзо Турсунзода - духтарашон Фирӯза мебошанд, ки дар қайд ҳаётанд.

Масъуд Турсунзода физикдон буд, ки дар бахши алоқаи ҷумҳурӣ собиқа корӣ дошт қабл аз он солиёни зиёд роҳбарии коллеҷи сохтмонии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Писари хурдии Турсунзода парвиз тарҷумон буд.

Мирзо Турсунзода соли 1911 дар рустои Қаротоғи ноҳияи Ҳисор таваллуд шуда, соли 1977 даргузашт. Ба хотири ӯ дар Тоҷикистон номи шаҳре Турсунзода гузошта шуда, аксаш дар пули миллии 1 сомонӣ тасвир ёфтааст.

Барчасп