Сентябр 13, 2023 10:46 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи ҳамкориҳои омӯзишӣ ва донишгоҳӣ байни Тоҷикистон ва Чин

Тоҷикистон ва Чин ҳамкориҳои худро дар бахшҳои таълимӣ ва илмӣ густариш медиҳанд.

Дар Китобхонаи миллии шаҳри Душанбе (пойтахти Тоҷикистон) намоишгоҳи омӯзишӣ ифтитоҳ шуд, ки дар он имконоти ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи маориф муаррифӣ шуданд.

Тибқи гузориши сафорати Чин дар Душанбе, дар ин намоишгоҳ беш аз 30 донишгоҳи Чин тавонмандиҳои худро муаррифӣ карда, тавсеъаи ҳамкорӣ ва табодули таҷриба миёни донишгоҳҳои ду кишвар баррасӣ шудааст.

Бар асоси ин гузориш, аз авоили соли ҷорӣ теъдоди раводиди чинии содиршуда ба шаҳрвандони Тоҷикистон аз замони шурӯи эпидемияи корона, бахусус дар моҳҳои ахир ба баландтарин сатҳи худ расидааст.

Шумораи раводидҳои таҳсилӣ, ки дода шудааст, дар муқоиса бо ҳамин давра, ки дар сатҳи баландтарин дар таърих буд, 20% афзоиш ёфтааст.

Барчасп