Июл 31, 2016 19:46 Asia/Dushanbe
  • Таҳқиқоти ҷомеъ барои ташхиси мизони бекорӣ дар Тоҷикистон

Ожонси омори Тоҷикистон мегӯяд, ки барои муйаян кардани сатҳи бекорӣ дар ин кишвар дар соли ҷорӣ таҳқиқоти тозаеро шурӯъ кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Гулнора Ҳасанзода, раиси Ожонси омори Тоҷикистон ахиран дар посух ба суоли хабарнигорон, мабнӣ бар вуҷуди омори зиддунақиз дар бораи мизони бекорӣ дар ин кишвар гуфт то замоне, ки мувофиқи методологияи Созмони байналмилалии кор таҳқиқоти ин мавзӯъ анҷом нашавад, омори пешниҳодии мо дар сатҳи ҷаҳонӣ қобили қабул нест. Аз ин рӯ,  мутобиқи тавсия ва меёрҳои Созмони байналмилалии кор чунин таҳқиқот дар Тоҷикистон оғоз шудааст.

Бар асоси иттилои Вазорати кор ва шуғли аҳолии Тоҷикистон 55 ҳазору 800 нафар бекор дар ин кишвар расман сабти ном шудаанд. Аммо коршиносон муътақиданд, ки мизони бекорӣ хеле бештар аз омори Вазорати кор аст.

Раиси Ожонси омори Тоҷикистон мегӯяд, ки анҷоми таҳқиқоти ҷомеъ дар ин мавзӯъ ба сармояи калон ниёз дошт ва акнун Бонки ҷаҳонӣ сармояи лозимро барои шурӯи кор ихтисос додааст.

Гуфтанист эъломи омори 55,8 ҳазор бекор дар Тоҷикистон аз сӯи Вазорати кор ва шуғли аҳолӣ дар ҳолест, ки бархе ниҳодҳои зирабти давлатӣ мегӯянд, ки аз замони оғози буҳрони молӣ 173, 5 ҳазор соҳибкори инфиродӣ дар ин кишвар фаъолиятҳои тиҷории худро қатъ кардаанд. Ожонси омори Тоҷикистон мегӯяд, ки танҳо пас аз анҷоми таҳқиқоти ҷомеи ин ожонсӣ метавон дар бораи теъдоди кормандон, кормандони кироя ва бекорон дар ин кишвар омори дуруст ироа кард.

Барчасп