Сентябр 13, 2023 14:26 Asia/Dushanbe
  • Иштироки дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё-2023 дар Ханжоуи Чин

Дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёии соли 2023 дарХанжоуи Чин ширкат мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин мусобиқот аз 23 сентябр то 8 октябр баргузор мешавад.

Хуршед Ҷӯраев, сармураббии Тоҷикистон, гуфт: Аз тими мунтахаби кишвар дар смусобиқоти бокси Бозиҳои осиёӣ дар Ҳанжоу интизориҳо зиёд аст.

Ҷӯраев таъкид кард, ки ҳадафи муштзанҳои тоҷик дар Бозиҳои осиёии соли 2023 дарёфти роҳхат барои ширкат дар мусобиқоти олимпӣ аст.

Вай бовар дорад, ки ҳадди ақал дар чаҳор вазн (57 кг, 63 кг, 80 кг, 92 кг) шоҳиди рақобатитарин мусобиқот хоҳем буд ва яке аз варзишкорон қатъан роҳхати Бозиҳои соли 2024-ро касб мекунад.

 

Барчасп