Вазири нақлиёти Тоҷикистон: Масири Осиёи Марказӣ кӯтоҳтарин роҳи иттисоли Чин ба Аврупо аст
(last modified 2023-09-16T15:08:13+00:00 )
Сентябр 16, 2023 20:08 Asia/Dushanbe
  • Вазири нақлиёти Тоҷикистон: Масири Осиёи Марказӣ кӯтоҳтарин роҳи иттисоли Чин ба Аврупо аст

Вазири нақлиёти Тоҷикистон масири Осиёи Марказиро кӯтоҳтарин роҳи иттисоли Чин ба Аврупо донист, ки метавонад ба тавсеаи минтақа кумак кунад.

Азими иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, дар солҳои оянда ҳудӯди 6.3 миллиарддоллар тарҳи ҷадидро иҷро хоҳем кард, ки ба тағйири чашмгири сохтору барномаи ҳамлу нақли байналмилалӣ, коромадии якпорчагӣ ва тавсеаи иқтисодӣ кумак мекунад.

Вай афзуд, кори эҳдоси масири Тоҷикистон - Узбекистон - Туркманистон - Эрон - Туркия - Аврупо дар ҳоли иҷро аст, ки кӯтоҳтарин масир аз марзи Чин ба Аврупо аз тариқи минтақаи Осиё Марказӣ хоҳад буд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон афзуд, ин масир ба эҳёи Роҳи бузурги Абрешим ва якпорчагии иқтисодии минтақаӣ кумак хоҳад кард.