Сентябр 19, 2023 11:42 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди додситони кулли Тоҷикистон бар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир

Додситони кулли Тоҷикистон бар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир таъкид кард.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли ҷумҳурии Тоҷикистон дар сию сеюмин нишасти Шӯрои ҳамоҳангии додситонҳои кулли кишварҳои узви ИДМ, ки дар шаҳри Боку, пойтахти Озарбойҷон баргузор шуд, ширкат ва бар таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир таъкид дошт.
Ба гузориши додситонии кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин конфаронс дидору гуфтугӯҳои дуҷонибаи ҷудогона бо додситонҳои кулли Федерасиюни Русия, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар кишварҳои узви ИДМ баргузор шуд, ки дар онҳо масойили дастгир ва истирдоди ҷинояткорон ба вижа хатарнок, муқовимати муштарак дар баробари тероризм ва ифротгароӣ, ҷиноятҳои кибернитекӣ,қочоқи маводи мухаддир ва дигар мавзӯъоти муҳими ҳуқуқӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт .
Дар чорчӯб ин нишаст додситони кулли ҷумҳурии Тоҷикистон бо додситонҳои Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии исломии Эрон ва дигар ҳамтоёни хориҷӣ дидори дуҷониба анҷом дод.




 

 

Барчасп