Баргузории Ҷашнвораи байналмилалии театри кӯдакон дар Душанбе
Аз 24 то 29-ми октябр дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии театрҳои лӯхтак “Чодари хаёл” баргузор мешавад.
Ба гузориши “Азия плюс”, театрҳои арӯсакии ҳирфае аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва ҳамчунин арӯсакгардонони кишварҳои дигар дар он ширкат мекунанд.
Ҳадафи аслии ин ҷашнвора тақвияти ҳамкориҳо дар заминаи арӯсакҳои намоишӣ, эҳё ва тавсеаи театри арӯсакии суннатии Тоҷикистон ва афзоиши омӯзиши зебоишиносии насли ҷавон унвон шудааст.
Ҳамчунин тамошогарон метавонанд аз театрҳои Русия, Қазоқистон, Узбакистон ва Эрон дидан кунанд.
Ҳунарҷӯёни донишкадаи арӯсакии институти давлатии фарҳанги Туркманистон (Ишқобод) барои аввалин бор дар ҷашнвораи «Чодари Хаёл» барнома иҷро мекунанд.
Тоҷикистон дар ин ҷашнвора бо маҷмӯаи Театри давлатии "Лӯхтак", Театри арӯсакии Бӯстон ва ва Театри арӯсакии "Афсона"-и Бохтар дар ин ҷашнвора ҳузур дорад.
Театри “Лӯхтак” намоишномаи “Маликаи маккор”-ро, ки муаллифи он Ҳотам Салимов ва коргардонаш Зафар Ҷаводов мебошанд, намоиш медиҳад.
Театри “Бӯстон” намоишномаи “Ҳинди тиллоӣ”-ро ба забони русӣ ва театри лӯхтаки ба номи Афсона “Хари маккор”-ро ба забони помирӣ намоиш медиҳанд.
Ёдовар мешавем, бо ибтикори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва дастгирии ҳукумат аз соли 2007 инҷониб Театри давлатии лӯхтак аллакай 6 ҷашнвораи байналмилалӣ баргузор кардааст.