Баргузории ҳабдаҳумини нишасти Шӯрои вазирони адлияи кишварҳои ИДМ дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i107452-Баргузории_ҳабдаҳумини_нишасти_Шӯрои_вазирони_адлияи_кишварҳои_ИДМ_дар_Душанбе
Ҳабдаҳумин нишасти Шӯрои вазирони адлияи кишварҳои ИДМ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 23, 2023 11:34 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳабдаҳумини нишасти Шӯрои вазирони адлияи кишварҳои ИДМ дар Душанбе

Ҳабдаҳумин нишасти Шӯрои вазирони адлияи кишварҳои ИДМ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, нишасти Шӯрои вазирони адлияи кишварҳои ИДМ ба раёсати вазири адлияи Тоҷикистон баргузор шуд ва дар он раисони ниҳодҳои қазоии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Қирғизистон, Русия ва Узбекистон ширкат доштанд.
Дар ин нишасти масоили марбут ба танзими ҳуқуқии ҳавзаҳои фаъолияти вазоратхонаҳои адлия(додгустари)и кишварҳои ИДМ аз ҷумла ироаи кумакҳои ҳуқуқии ройгон ба афрод, тавсеаи ҳамкории ниҳодҳо дар ин замина, раванди беҳбӯди муқаррароти ҳуқуқии кишварҳои ёлшуда мавриди баҳс қарор гирифт .
Шӯрои вазирони додгустарии кишварҳои ИДМ бо тасмими Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар мавриди Шӯрои вазирони додгустарии кишварҳо дар 26 августи 2005 ташкил шуд.