Баргузории ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак дар Душанбе
Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтаки кишварҳои ИДМ бо номи чодари хиёл дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон аз 24 то 29 октябр дар шаҳри Душанбе ҳафтумин ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак "Чодари хаёл" баргузор мегардад. Дар ин ҷашнвораи байналмилалӣ театрҳои касбии лӯхтаки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз қабили Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон иштирок менамоянд.
Ҳадафи аслии ҷашнвора таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик, инчунин беҳбуд бахшидан ба тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.
Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора театрҳои лӯхтаки шаҳрҳои Душанбе, Бӯстон ва Бохтар намояндагӣ менамоянд.
Дар ин ҷашнвора театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши "Маликаи маккор", театри Бӯстон намоиши "Ҳинди тиллоӣ" ва театри Бохтар "Хари маккор"-ро ба намоиш мегузоранд.