Сентябр 26, 2023 12:26 Asia/Dushanbe
  • Анҷумани кории Тоҷикистону Беларус дар Душанбе баргузор мешавад

Рӯзи 28 сентябр, Анҷумани кории Тоҷикистону Беларус дар Душанбе баргузор мешавад.

Ин анҷумани корӣ як ниҳоди ҳамоҳангкунанда ва машваратӣ аст ва ҳадафи он афзоиши самарбахши равобити тиҷории байни созмонҳову анҷуманҳои Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин шиносоӣ ва рафъи мавонеъи сари роҳи густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии дуҷониба аст.
Интизор меравад дар ин конфаронс мавзӯъоти ҷории ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии дуҷониба ва муаррифии ширкатҳои Беларус мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирад.
Ҳамчунин ширкаткунандагон ин фурсатро доранд, ки музокироти вижае бо шарикони беларусӣ дошта бошанд.
Дар ин росто имзои чанд санади дуҷониба дар назар гирифта шудааст.
 

 

Барчасп