Сентябр 26, 2023 18:30 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон
    Густариши ҳамкориҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон

Ҳайати фарҳангии анҷумани осор ва мафорхири фарҳангӣ бо ҳузур дар донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо устодон, донишҷуён ва алоқамандон ба забон ва адаби форси дидору гуфтугу карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абдулҳусейни Хусравпаноҳ дабири шурои оли инқилоби фарҳангӣ ва узви ҳайатмудираи анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон дар ин дидор бо ишора ба ҷойгоҳ ва аҳамияти ҳакимон, шоирон ва донишмандони форсизабон дар сипаҳри ҷаҳони илму фарҳанг гуфт: Ҳануз дар донишгоҳҳои Аврупо ва Амрико андешаи донишмандон ва шоирони форсизабон мавриди таваҷуҳи алоқамандон ва мероси азими ҷаҳони порси забон аст.

Маҳмуди Шолвӣ раиси анҷумани осор ва мафохири фарҳанги низ бо таъкид бар ҳамдили ва ҳамзабонии ду кишвари дусту бародари Эрон ва Тоҷикистон гуфт: Яки будани ду миллат ва кишвар арзиш ва аҳамияти фаровони дорад.

Дар поёни ин дидор ҳамчунин нишони зарини анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ аз суи ҳайати эронӣ ба раиси донишгоҳи давлатии Хуҷанд эҳдо шуд ва дар тафоҳуми суратгирифта миёни анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ ва донишгоҳи Хуҷанд дар ояндаи наздик ҳамоиши байналмиалии бузургдошти Камоли Хуҷанди шоир ва орифи зубурги порсигуи садаи ҳаштуми ҳиҷрии қамарӣ дар Эрон ва Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Барчасп