Сентябр 29, 2023 17:43 Asia/Dushanbe
  • Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фазои сармоягузории Тоҷикистон
    Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фазои сармоягузории Тоҷикистон

Ҳамоиши байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023 дар шаҳри Душанбе оғоз шуд.

Туҷҷору сармоягузор аз Тоҷикистон ва теъдоде аз кишварҳои ҷаҳон дар кори ин ҳамоиш ширкат карданд.

Дар ҳамоиши байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023 Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон ва Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ширкат доранд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии видеоконфронсии худ дар мавриди фазои сармоягузории Тоҷикистон ва иқдомоти давлати Тоҷикистон барои ҳимоят аз маҳофили тиҷориву сармоягузорони хориҷӣ суҳбат кард.

Ӯ таъкид кард, баргузории ҳамоишҳои сармоягузориву тиҷорӣ фурсати муносиберо барои ширкаткунандагон, баррасӣ ва гуфтугӯ ва ёфтани роҳи ҳал барои муҳимтарин масоилу мушкилоти иқтисодии минтақаву ҷаҳон фароҳам мекунад.

 

Барчасп