Ҳузури Эрон бо 800 асар дар намоишгоҳи китоби Тоҷикистон
(last modified Tue, 03 Oct 2023 12:08:35 GMT )
Октябр 03, 2023 17:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Эрон бо 800 асар дар намоишгоҳи китоби Тоҷикистон
    Ҳузури Эрон бо 800 асар дар намоишгоҳи китоби Тоҷикистон

Ёздаҳумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Тоҷикистони имруз сешанбе бо ҳузури Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мутобиқи ончии равобити умумии хонаи китоб ва адабиёти Эрон хабар дода ифтитоҳияи ёздаҳумини намоишгоҳи байналмилалии китоби Тоҷикистони имрӯзи се шанбе 3 октябри 2023 бо ҳузури Раҳмони сифр ва муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Раҳмоналии Мирализода ، мудири табаъ нашру матбӯоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Алиризои Ҳақиқӣон сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, Семён Григорев сафири Русия дар Тоҷикистон ва сафирони кишварҳои Туркманистон, Туркия, Озарбойҷон дар осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд .

Дар ибтидои ин ойин Раҳмони сифир аз ноширон ва нависандагони кишварҳои ҳозир дар ин намоишгоҳ ташаккур кард ва гуфт: Аз соли 2010 ҳар сола дар пойтахти кишвари Тоҷикистон шаҳри амну амон ва дили орои душанбе намоишгоҳи байналмилалии китоб таҳти унвони "Китоби Душанбе" ҳамчун рукни пойдори фарҳанг ва иртибототи фарҳангӣ бо ҳузури кишварҳои дӯст баргузор мешавад .

Муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон идома дод: Ин давра аз намоишгоҳи байналмилалии китоби Тоҷикистон дар осорхонаи миллӣ ба унвони яке аз марокизи миллии кишвар баргузор мешавад. Ин интихоб тасодуфӣ нест балки осори фарҳанг ҳар миллати мутамаддин қабл аз ҳар чизе дар китоб фароҳам омадааст.

Гуфтани аст ёздаҳумини намоишгоҳи байналмилалии китоби Тоҷикистон бо ҳузури ҳашт кишвари хориҷӣ ва мушорикати 50 ношир аз кишварҳои мухталиф аз 11 то 5 октябри 2023 баргузор мешавад ва Русияи миҳмони вижаи ин давра аз намоишгоҳ аст.

Хонаи китоб ва адабиёти Эрон дар ғурфае ба метражи 22 метри мураббаъ бо арзаи 800 унвон китоб дар мавзӯъоти адабиёти классик ва муосир, шеърудостон ва китобҳои муртабит бо Паёмбари Акрам(с) дар ин намоишгоҳ ширкат кардааст.