Октябр 04, 2023 17:22 Asia/Dushanbe
  • Содироти маҳсулот ба хориҷ аз Тоҷикистон
    Содироти маҳсулот ба хориҷ аз Тоҷикистон

Мудири Ожонси содироти Тоҷикистон ва намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ  вазъияти кунунӣ ва чашмандози равобити муштарак дар заминаи содироти колоҳои тоҷикӣ ба бозорҳои ҷаҳониро баррасӣ карданд.

Баҳриддин Сироҷиддинзода, мудири Ожонси содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ дар умури тиҷорати электронӣ дар шаҳри Душанбе дидору гуфтугӯ кард.

Тарафайн дар ин дидор бар густариши бештари ҳамкориҳо дар заминаи бозорёбӣ ва лаҷистик таъкид карданд.

Баҳриддин Сироҷиддинзода ва намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ масаълаи эҷоди марокизи лаҷистикӣ дар заминаҳои бастабандӣ, фароварӣ, резервейшен, нигаҳдорӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷ аз кишварро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

 

Барчасп