Машваратҳои сиёсии мақомоти Тоҷикистону Арабистони саъудӣ
Даври нави машваратҳои сиёсии ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистону Арабистони саъудӣ ба раёсати муовинони вазоратхонаҳои умӯри хориҷаи ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, раёсати ҳайати Тоҷикистон дар ин музокиротро Фарҳод Салим-муовини вазири умӯри хориҷаи ин кишвар ва тарафи муқобилро Валид бин Абдулкарим Алхариҷӣ- муовини аввали Вазорати умӯри хориҷаи Арабистони саъудӣ бар ӯҳда доштанд.
Таии ин музокирот ду тараф дар мавриди вазъияти кунунӣ ва чашмандози равобити ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ, гардишгарӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, илмӣ,омӯзишӣ, беҳдоштӣ ва ҳамчунин ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ баҳсу табодули назар карданд .
Дар дидори ҷудогонаи муовини аввали Вазорати умӯри хориҷаи Арабистон бо Сироҷиддини Муҳриддин-вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон равобити дуҷонибаи миёни Душанбеву Риёз дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, башардӯстона ва заминаҳои дигари мавриди алоқаи ду тараф баррасӣ шуд.