Октябр 09, 2023 10:25 Asia/Dushanbe
  • Фаъол шудани чархи дувуми нерӯгоҳи « Қайроқум » Тоҷикистон
    Фаъол шудани чархи дувуми нерӯгоҳи « Қайроқум » Тоҷикистон

Чархи дувуми нерӯгоҳи « Қайроқум » Тоҷикистон дар ояндаи наздик фаъол мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Спутник Файзуллоҳ Авазов муҷрии тарҳи бозсозии нерӯгоҳ  "Қайроқум" гуфт : Дар фароянди фаъолсозии чархи дувуми нерӯгоҳ, ҳаҷми тавлиди барқ афзоиш меёбад.

Вай афзуд : Пешбини мешавад пас аз таъмиру бозсозии ин воҳид,  ҳаҷми тавлиди барқ муодили 30 мегават бошад.

Дар тобистони имсоли аввалин чархи нерӯгоҳи барқи обии Қайроқум  пас аз таъмир бо сарфаҷӯии тавлиди 29 мегават ба баҳрабардорӣ расед.

Пеш аз ин ин турбин танҳо 21 мегават соъат барқ тавлид мекард қарор буд то поёни соли ҷорӣ тамомии воҳидҳои ин нерӯгоҳ ба баҳрабардорӣ бирасад, аммо ба гуфтаи масъулон,  ҳамагир шудани Ковиди 19 боис шуд то кори сохт то соли 2025 ба таъвиқ биафтад.

Кулли ҳазинаи бозсозии ин маҷмӯъаи муҳими обӣ дар минтақаи Суғд 200 миллион доллар аст.

Авазов афзуд : То поёни бозсозии воҳидҳо, зарфияти тавлидии он ҳифз хоҳад шуд. 

Сохт нерӯгоҳи барқи обии Қайроқум дар соли 1952 дар даврони Шуравии собиқ оғоз шуд ва аввалин турбини он бо зарфияти 21 мегават дар 15 декабри 1956 ба баҳрабардорӣ расид .

Ин нерӯгоҳи пас аз « Норак » ، « Роғун » ، « Сарбанд » яке аз муҳимтарин манобеи тавлиди барқ маҳсӯб мешавад .

Пешбини мешавад пас аз таъмир, зарфияти ин нерӯгоҳ аз 126 мегават ба 176 мегават афзоиш ёбад.

Барчасп