Душанбе ; мизбони ҳамоиши байналмиллалии « Абӯрайҳони Берунӣ - кошифи асрори табиат »
(last modified Tue, 10 Oct 2023 05:18:03 GMT )
Октябр 10, 2023 10:18 Asia/Dushanbe
  • Душанбе ; мизбони ҳамоиши байналмиллалии « Абӯрайҳони Берунӣ - кошифи асрори табиат »

Ҳамоиши илмии байналмиллалӣ ба муносибати ҳазору панҷоҳумин солгарди Абӯрайҳони Берӯнӣ бо мавзӯи « Абӯрайҳони Берӯнӣ – кошифи асрори табиат » бо ҳамкории ЮНЕСКО дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс ; ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш, ки ду рӯз идома меёбад ва дар он шарқшиносони машҳур, муаррихон, коршиносони фарҳангӣ ва адабӣ, донишмандони улӯми сиёсӣстодони донишгоҳҳо, намояндагони созмонҳои давлатии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ҳузур доранд, мурӯре бар ҷанбаҳои торихӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии фаъолияти ин донишманди бузург ва риёзидон, ситорашинос ва таърихнигори Машриқзамин ва саҳми вай дар тамаддуни башарӣ унвон шудааст.

Пешбинӣ мешавад дар ин ҳамоиш гузоришҳое бо мавзӯъоти « Нақши Абӯрайҳони Берӯнӣ дар тавсеаи улӯми ҷаҳонӣ », « Асри Абӯрайҳони Берӯнӣ ва тавсеаи илм », « Мероси таърихи табиии Абӯрайҳони Берӯнӣ ва илми модерн », « Рӯйкардҳои модерн ба шинохти осори Абӯрайҳони Берӯнӣ », « Намӯнаҳои мактуби мероси Абӯрайҳони Берӯнӣ дар Тоҷикистон », « Таҳқиқу интишори осори Абӯрайҳони Берӯнӣ дар Тоҷикистон » ва « Абӯрайҳони Берӯнӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ » ироа мешаванд.

Дар ноябри 2021 дар ҷараёни нишасти чиҳилу якумин конфаронси умумии ЮНЕСКО бинобар тавсияи шӯрои иҷроии ин ниҳод ва тасмими конфаронси умумӣ номзадии муштараки Эрон, Тоҷикистон ва Узбекистон дар ҳазору панҷоҳумин солгарди таваллуди ин донишманди барҷаста ба феҳристи сабти ҷаҳонии ҷашнвораҳои ЮНЕСКО дар солҳои 2022 то 2023 ворид шуд.