Октябр 15, 2023 10:03 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон бар густариши ҳамкориҳо
    Таъкиди раисони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон бар густариши ҳамкориҳо

Раисони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи густариши ҳамкориҳо ва таъйини марзҳои давлатии ду кишвар ройзани карданд.

Нишасти сарони кишварҳои ИДМ руз ҷумъа дар Бишкек пойтахти Қирғизистон баргузор шуд.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пас аз фурупошии Шуравӣ шакл гирифт Русия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистони аъзои ин иттиҳодия ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Садир Ҷаборов раиси Ҷумҳурии Қирғизистон ва Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти сарони ИДМ дар мавриди роҳбурдҳои минтақави ва байналмилалӣ ва ҳамчунин барномаи нишасти ояндаи сарони ин иттиҳодияи табодул назар карданд.

Сарони ду кишвар бо таъкид бар аҳамияти ройзаниҳои сиёсии мустамар барои тақвияти ҳусни ҳамҷаворӣ  омодагии худро барои гуфтугу дар бораи заминаҳои ҳамкори ва роҳҳои афзоиши таъомулот эълом карданд.

Барчасп