Омодагии Тоҷикистон барои мизбонии панҷумин ҳамоиши донишмандони ИДМ
(last modified Sun, 15 Oct 2023 08:45:57 GMT )
Октябр 15, 2023 13:45 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Тоҷикистон барои мизбонии панҷумин ҳамоиши донишмандони ИДМ
    Омодагии Тоҷикистон барои мизбонии панҷумин ҳамоиши донишмандони ИДМ

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид бар аҳамияти тақвияти иқдомоти фарҳангӣ ва башардустона аз омодагии кишвараш барои мизбонии панҷумин ҳамоиши донишмандони кишварҳои ИДМ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз хабргзории Форс аз Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти сарони ИДМ омодагии худро барои идомаи талош барои пур кардани дастурикори ИДМ бо муҳтавои амалии эълом ва дар маврид чашмандоз тавсеаи бештари ин иттиҳодия изҳори назр кард.

Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба масоили ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии кишварҳои ИДМ гуфт: Дар шароити кунунии аъзо бо чолишҳои барои амнияти иқтисодӣ ва афзоиши хатарот барои иқтисоди миллӣ ру ба ру ҳастанд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бар афзоиши чолиш ва таҳдидоти амниятӣ аҳамияти тадовуми иҷрои тасмимот ва асноди ҳосил шуда дар чорчуби ин иттиҳодия дар заминаи мубориза бо тероризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷароими интернети ва дигар мазоҳири ҷароим созмон ёфта фаромарзӣ тамаркуз кард.

Дар поёни ин нишаст 15 тасмим ва санад ба тасвиб расед раёсати ин иттиҳодия ба Русия мунтақил шуд ва бо мушорикати сарони ҳамаи кишварҳои узв маросими эътои нишони ифтихории ИДМ ба Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.