Дидори раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканд
Дар шаҳри Бустони вилояти Суғд нишасти байни Сайидмуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, ҳамтои қирғизаш баргузор шуд.
Ба гузориши Азия-Плюс, ин дидор ба намояндагӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов-раисони ҷумҳӯри ду кишвар анҷом шуд.
Дар ин дидор раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон ва
намояндагоне аз ниҳодҳои интизомии ду кишвар низ ҳузур доштанд .
Аъзои ҳайатҳо аз иҷрои тавофуқоти тарафҳо дар мавриди шарҳи аломатгузории хати марзӣ дар бахшҳои боқимонда ибрози хурсандӣ карданд.
Барои ташдиди фаъолиятҳо ва ҳаллу фасли ҳамаи масоили марзии мавҷуд дастӯроти мушаххасе ба коргурӯҳҳои топографии таъйини ҳудуду таъйини марзҳо дода шуд.
Раисони ҳайатҳо бар аҳамияти суръат дар раванди ҳалли масъалаҳои марзӣ байни ду кишвар таъкид карданд.
Ҳамчунин ба коргурӯҳҳои нақшабардорӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои давлати Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди таъйини марзи ду кишвар дастӯрот дода шуд.
Тоҷикистону Қирғизистон 980 километр марзи муштарак доранд.