Октябр 17, 2023 11:40 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши бардошти бархе маҳсӯлоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон

Ба Бардошт(ҷамъовари)и гандум аз киштзорҳои Тоҷикистон то 6 октябри соли ҷорӣ 703711 тон буда, ки тақрибан 11000 тон камтар аз муддати мушобеҳи соли пеш аст.

Ба гузориши Спутник, бардошти ангур низ тақрибан ба нисф коҳиш ёфтааст. Агар соли гузашта 101 ҳазору 668 тон ангур аз токистонҳои Тоҷикистон ҷамъоварӣ шуда дар 9 моҳи имсол ин нишондод муодили 56 ҳазору 984 тон будааст.
Ҷамъоварии бодмиринг низ дар 9 моҳаи имсол 3.5 ҳазор тон нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл коҳиш доштааст.
Соли гузашта кишоварзони тоҷик 117 ҳазору 429 тон бодиринг бардошт карданд.
Коршиносон соҳаи кишоварзӣ далели коҳиши бардошти бархе маҳсӯлотро
сармои шадиди зимистони соли гузашта ва гарм шудани ногаҳонии ҳаво дар охирҳои баҳору ибтидои тобистони имсол баён мекунанд.
 

 

Барчасп