Ифтитоҳи 7 корхонаи нав дар Душанбе
(last modified Wed, 01 Nov 2023 09:06:02 GMT )
Ноябр 01, 2023 14:06 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи 7 корхонаи нав дар Душанбе

7 корхонаи саноатии ҷадид дар Душанбе ифтитоҳ шуд.

Иншооти мазкур дар чаҳорчӯби Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шуданд.

Дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ҳузур доштанд.

Хотирнишон мешавад, ки беш аз 4 ҳазор нафар метавонанд дар ин иншоот кор кунанд.

Ба гузориши сомонаи Пресса тҷ, дар раванди ифтитоҳи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе” баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд.

Акнун ҶСК“Гулистони Душанбе” имкон дорад дар як сол то 2 миллион либосҳои махсуси корӣ барои фасли тобистону зимистон, шиму костюм, либоси мактабӣ, варзишӣ, курта ва рахти хоб, дар маҷмуъ 250 номгӯй маҳсулот истеҳсол намояд.

Инчунин дар пойтахт корхонаи нассоҷии ҶДММ "Арвис" ва корхонаи қаннодии ҶДММ "Амирӣ" кушода шуданд.

Дар 9 моҳи соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 87 корхонаи дӯзандагӣ истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5 фоиз зиёд шудааст, ки аз ин 21 корхона ба шаҳри Душанбе рост меояд.