Ноябр 02, 2023 12:19 Asia/Dushanbe
  • \
    \"Гулистони Душанбе\" метавонад дар сол то 2 миллион даст либоси кории тобистонӣ ва зимистонӣ тавлид кунад

Ширкати саҳҳомии "Гулистони Душанбе" (корхонаи пӯшоки “Гулистон”и собиқ) пас аз бозсозии комили таҷҳизот ба баҳрабардорӣ расид.

Ба гузориши “Азия плюс”, дар маросими ифтитоҳи ин ширкат Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ҳузур доштанд.

Фанновариҳои ширкати "Гулистони Душанбе" аз Ҷопон, Амрико, Италия, Чин, Англия, Русия ва Туркия ворид шудааст.

Дар ширкати "Гулистони Душанбе" жакет, шалвору пероҳани мардонаву занона дӯхта мешавад.

"Гулистони Душанбе" метавонад то 2 миллион даст либоси кории тобистонӣ ва зимистонӣ, костюму шалвор, либоси мактабӣ, либоси варзишӣ, пероҳану маллофа, дар маҷмуъ 250 навъ пӯшок дар сол тавлид кунад.

Пас аз навсозӣ 230 шуғли изофӣ дар ин ширкат эҷод шуда, ки дар маҷмуъ ба 470 шуғл расид.

Дар сурати шурӯи фаъолияти бунгоҳ дар се шифт, барои 1200 нафар шуғл эҷод мешавад.

Корхонаи пӯшок соли 1933 ба кор шуруъ кард ва соли 1964 бахше аз ширкати "Гулистон" шуд. 

Дар апрели соли 2014 бо ҳукми додгоҳи иқтисодӣ ширкати "Гулистон" дороии давлат эълом шуд. Пас аз мусодира ин ширкат номи "Гулистони Душанбе"-ро дарёфт кард. 

 

Барчасп