Густариши ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон дар бахши обу хок ва кишоварзӣ
(last modified Sun, 05 Nov 2023 05:38:18 GMT )
Ноябр 05, 2023 10:38 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон дар бахши обу хок ва кишоварзӣ

Ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон дар заминаи обу хок ва бахши кишоварзӣ ва сомонаҳои навини обёрӣ густариш меёбад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сафдар Ниёзи Шаҳракӣ,муовини вазири ҷиҳоди кишоварзии Эрон рӯзи шанбе дар ҳошияи бисту панҷумин Кунграи байналмилалии обёрӣ ва заҳкашӣ бо ҳайати эъзомии Тоҷикистон ба ин кунгра дар нишасте ширкат кард.

 Дар ин нишаст муқаррар шуд; бо таваҷҷуҳ ба ин, ки соли оянда коргоҳи байналмилалии заҳкашӣ тавассути Кумитаи байналмиллалии обёрӣ ва заҳкашӣ дар кишвари Тоҷикистон баргузор меишавад, ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон низ дар ин замина тавсеа ёбад ва Эрон бахусус муованати обу хоки Вазорати ҷиҳоди кишоварзӣ дар ҳавзаи сомонаҳои навини обёрӣ бо таваҷҷуҳ ба таҷрубаҳои хубе, ки дорад, намоишгоҳи комилеро дар ҳошияи ин коргоҳ баргузор мекунад.

 Ҳамин тавр дар ин нишаст муқаррар шуд ду кишвар ба манзури табодули иттилоот ва дониши рӯз дар заминаҳои мухталиф, коргоҳҳои омӯзишии мавриди ниёзи тарафҳоро бо ҳам баргузор кунанд.

Ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла тавлид ва таҳияи лавозим ва таҷҳизоти обёрӣ ва ҳамин тавр таҷҳизоти бо масрафи энергии камтар аз дигар мавзӯъоти матраҳшуда дар ин нишаст буд.