Муборизаи Нуруллоҳ Алиев ва Матеуш Ребетский лағв шуд
Муборизаи Нуруллоҳ Алиеви тоҷикистонӣ ва Матеуш Ребетскии лаҳистонӣ лағв шуд.
Ба гузориши “Спутник”, қарор буд муборизаи Нуруллоҳ Алиеви тоҷик бо Матеуш Ребетскии лаҳистонӣ дар чорчӯби мусобиқоти риштаҳои размии таркибии UFC 11 ноябр баргузор шавад.
Гуфта мешавад, ки варзишкори тоҷик ба далели осебдидагӣ аз ноҳияи по наметавонад дар ин мубориза ширкат кунад.
Нуруллоҳ Алиев гуфт: Пас аз муоина пизишкон маро аз мубориза манъ карданд ва бо мубориза мувофиқат накарданд.
Илова бар ин варзишкори тоҷик гуфт, ки ба зудӣ пои худро таҳти амали ҷарроҳӣ қарор хоҳад дод.
Алиеви 22 сола 9 муборизаро анҷом дода ва дар ҳамаи онҳо пирӯз шудааст.
Иттиҳодияи мусобиқоти риштаҳои размии таркибӣ бо 4 намояндаи Тоҷикистон қарордод имзо кардааст.
Нуруллоҳ Алиев аввалин нафар дар ин мусобиқот буд, пас аз ӯ Лоиқ Раҷабов, Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов бо UFC қарордод бастанд.
Бештар бихонед: