Баҳрабардорӣ аз 52 тарҳи умронӣ дар Хатлон
(last modified Mon, 06 Nov 2023 09:22:03 GMT )
Ноябр 06, 2023 14:22 Asia/Dushanbe
  • Дар Носири Хусрави Хатлон 52 тарҳ ба арзиши 5. 2 миллион сомонӣ ба баҳрабардорӣ расид
    Дар Носири Хусрави Хатлон 52 тарҳ ба арзиши 5. 2 миллион сомонӣ ба баҳрабардорӣ расид

Ниме азтрҳҳои умронӣ, ки ба муносибати сивупанҷумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав дар ҳоли бунёд аст, такмил шудааст.

Ба гузориши “Спутник”, дар яке аз навоҳии минтақаи Хатлон 52 тарҳ ба арзиши 5. 2 миллион сомонӣ пас аз таъмиру сохт ба баҳрабардорӣ расид.

Иҷрои 112 тарҳ барои ҷашни сивупанҷумин солгарди истиқлоли кишвар барномарезӣ шудааст.

Ин тарҳҳо шомили мурғдорӣ, ресторан, меҳмонхона ва марокизи хадамотӣ аст.

Соли гузашта низ 33 маркази тафреҳӣ дар минтақаи Хатлон ба баҳрабардорӣ расида буд.

Бар асоси иттилооти расмӣ аз минтақаи Хатлон, тайи 9 моҳи соли 2023 ҳудуди 43. 8 ҳазор шуғли нав эҷод шудааст.