Ноябр 07, 2023 21:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши тиҷорӣ бу ҳузури 100 нафар аз фаъолони иқтисодии эронӣ ва 150 нафар аз фаъолони иқтисодии тоҷик
    Ҳамоиши тиҷорӣ бу ҳузури 100 нафар аз фаъолони иқтисодии эронӣ ва 150 нафар аз фаъолони иқтисодии тоҷик

Гуруҳе аз фаъолони иқтисодии Хуросони Разавӣ ба Тоҷикистон сафар карданд.

Раиси Утоқи муштараки Эрону Тоҷикистон гуфт, ҳамзамон бо сафари раиси ҷумҳурии Эрон ба шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон, ҳайати тиҷории 58 нафара аз мудирону фаъолони иқтисодӣ, бозаргонону корофаринони Хуросони Разавӣ ва бархе устонҳои кишвар ба Тоҷикистон сафар карданд.

Муҳаммадҳусайни Равшанак, раиси Утоқи муштараки Эрону Тоҷикистон афзуд, ин шумори болои фаъолони иқтисодӣ аз кишвари Эрон, ки роҳии сафар ба Тоҷикистон шуданд, нишон аз равобити матлуби тиҷорӣ байни ду кишвар дорад.

Вай бо баёни ин ки бештари аъзои ин ҳайати тиҷорӣ марбут ба устони Хуросони Разавӣ аст, гуфт, дар ин ҳайат муовини ҳамоҳангии умури иқтисодии устондорӣ, мудири кулли санъат, маъдан ва тиҷорат ва раиси намояндагии вазорати умури хориҷаи шимоли шарқ дар Хуросони Разавӣ ва ҳамчунин панҷ нафар аз аъзои ҳайати раисаи Утоқи бозаргонии муштараки Эрону Тоҷикистон низ ҳузур доранд.

Раиси Утоқи муштараки Эрону Тоҷикистон афзуд, ин сафар дар посух ба сафари ҳайати тиҷорӣ - корофаринии кишвари Тоҷикистон ба Эрон ва Хуросони Разавӣ аст ва қарор аст фардо (чаҳоршанбе) дар ҳамоиши тиҷорӣ - корофаринӣ – созандагӣ 100 нафар аз фаъолони иқтисодии эронӣ ва 150 нафар аз фаъолони иқтисодии тоҷик ширкат кунанд.

Вай бо ишора ба муҳимтарин масоиле, ки дар сафари ҳайати тиҷории Хуросони Разавӣ ба Тоҷикистон дунбол мешавад ҳам гуфт, лағви раводид, таъмини вагон барои содироту осонсозии масири ҳамлу нақли коло аз Тоҷикистон ба Эрон ва баръакс, ҳамоҳангии стандарти муштарак барои табодули колоҳо бо Тоҷикистон, коҳиши тарофа ва боҷи воридоти бархе колоҳо аз Эрон ба Тоҷикистон аз хостаҳои ҳайати тиҷории Эрон дар ин сафар аст.

 

Барчасп