Номнависии мутақозиёни таҳсили ғоибона дар муассисот ва донишгоҳҳои Тоҷикистон
Номнависии мутақозиён дар чаҳорумин давраи озмуни вурудии таҳсили ғоибона дар муассисот ва донишгоҳҳои Тоҷикистон оғоз шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс номнависи ба муддат як моҳ идома дорад ва танҳо афроде, ки тамоюл ба таҳсил ғоибона доранд метавонанд дар он ширкат кунанд.
Барои бақайдгирӣ дар 8 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил шудааст.
Агар довталабе, ки дар даври чаҳорум номнависшуда хоҳиши иваз намудани интихобҳои аввалаашро дошта бошад, метавонад дар давоми ҳамин 1 моҳ онро анҷом диҳад. Барои азнавбақайдгирӣ довталаб бояд ба нуқтаи бақайдгирие муроҷиат намояд.
Довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб кунанд.
Ҳамчунин дар вақти бақайдгирӣ бояд забонҳо русӣ ва тоҷикӣ ва макони имтиҳонсупорӣ ва ҷойи фиристодани даъватномаро бояд интихоб намуд.