Ноябр 13, 2023 11:31 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисҷӯмҳурии Тоҷикистон бо вазири сармоягузории подшоҳии Арабистон
    Дидори раисҷӯмҳурии Тоҷикистон бо вазири сармоягузории подшоҳии Арабистон

Раисҷумҳӯри Тоҷикистон бо вазири сармоягузории Арабистон дар бораи сармоягузори ин кишвар дар иҷрои пружаҳои кучак ва бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гуфтугӯ кард.

Ба гузориши Спутник, Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳӯри Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти изтирории сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар шаҳри Риёз бо Холид Ал-Фолеҳ вазири сармоягузории подшоҳии Арабистони Саъуди дидор ва гуфтугӯ кард .

Дар ин нишаст масоили марбӯт ба мушорикат ва  кумаки маҳофили тиҷорӣ ва сармоягузории Арабистони Саъудӣ дар иҷрои пружаҳои кучак ва  бузурги иқтисодӣ ва  иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин тарафайн тавсеа ва  густариши ҳамкориҳо дар заминаи тиҷорат ва  иқтисодро аз меҳварҳои аслии иқдомоти муштараки байни Тоҷикистон ва  Арабистони Саъудӣ донистанд.

Ду тараф дар бораи роҳҳои тақвияти ҷазби сармоягузории Арабистон дар бахшҳои мухталифи иқтисоди миллии Тоҷикистон аз ҷумла дар заминаи саноеъи сабук, нассаҷӣ, дорӯсозӣ, тавлиди масолеҳи сохтимонӣ, маводи маъданӣ, энержӣ ва  таъсиси сандуқ ё ширкати муштарак гуфтугӯ карданд.

Барқарории масирҳои Душанбе - Ҷадда ва сомондеҳии хутути ҳавоии мустақим байни шаҳрҳои дигари Тоҷикистон ва  Арабистони Саъудӣ низ аз дигари мавзӯъоти мавриди баҳс буд.

Бештар бихонед:

Барчасп