Ноябр 15, 2023 18:43 Asia/Dushanbe
  • Панҷоҳушашумин иҷлоси Маҷмаи порлумонии кишварҳои ИДМ
    Панҷоҳушашумин иҷлоси Маҷмаи порлумонии кишварҳои ИДМ

Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ба манзури ширкат дар нишасти шӯро ва панҷоҳушашумин иҷлоси Маҷмаи порлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба Қирғизистон сафар мекунад.

Ба гузориши “Форс”, Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон ба манзури ширкат дар нишасти шӯро ва иҷлоси Маҷмаи порлумонии кишварҳои ИДМ ба Қирғизистон сафар мекунад.

Нишасти шӯро ва панҷоҳушашумин иҷлоси Маҷмаи порлумонии кишварҳои ИДМ рӯзҳои 16 - 17 ноябр ба мизбонии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад.

Маҷмаи байнипорлумонии кишварҳои ИДМ дар 27 марти соли 1992 ва бар асоси мувофиқатномаи Алмаато, ба имзорасида тавассути руасои порлумонҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ташкил шудааст.

Ҷомеаи кишварҳои ИДМ пас аз фурӯпошии Шуравии собиқ шакл гирифт.

Баёнияи таъсиси ин иттиҳод дар 21 декабри 1991 дар Алмаато тавассути сарони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина имзо шуд.

Узвияти Гурҷистон дар ин иттиҳод ба дунболи тасмими расмии руасои ҷумҳурии кишварҳои узв дар 3 декабри 1993 ва дар пайи дархости Эдвард Шварнадзе, раиси ҷумҳурии Гурҷистон дар 8 октябри 1993 сурат гирифт.

Беш аз 70 дарсади буҷети ИДМ тавассути Русия пардохт мешавад.

 

Барчасп