Ноябр 18, 2023 12:20 Asia/Dushanbe
  •  Рустами Эмомалӣ : Фурсати ёдгирии забони русӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон мегӯяд бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти забони русӣ дар ин кишвар, фурсатҳои фаровоне барои ёдгирии он эҷод шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ,ин матлабро Рустам Эмомалӣ дар суханронии худ дар нишасти умумии маҷмаъи байналмаҷолис кишварҳои ИДМ эълом кард.

 Ба гуфтаи вай, забони русӣ аз синфи дувум дар тамоми мактабҳои Тоҷикистон тадрис мешавад ва фаъолиятҳои омӯзишӣ ба забони русӣ дар бисёре аз муссисоти пешдабистонӣ оғоз шудааст.

 Вай ҳамчунин ба 10 донишгоҳ дар Тоҷикистон ишора кард, ки дар онҳо мутахассисони забоншиноси русӣ омӯзиш мебинанд. Ӯ гуфт:Дар тамоми донишгоҳҳои кишвар донишҷуён ба муддати дуюним сол забони русиро ба сурати иҷборӣ меомӯзанд.

 Ба гуфтаи шаҳрдори Душанбе, Донишгоҳи славиянии  Русия ва Тоҷикистон ва ҳамчунин шӯъбаҳои Донишгоҳи давлатии Москва дар пойтахт фаъолият мекунанд.

 У гуфт: «Дар се соли гузашта дар Тоҷикистон, теъдоди касоне, ки омӯзиши олӣ ба забони русӣ дарёфт карданд ба беш аз 39000 нафар расид.

 Рустами Эмомалӣ дар айни ҳол ба таҳсили донишҷуён тоҷик, ки бо ҳимояти давлати Русия вориди донишгоҳҳои ин кишвар шудаанд, ишора кард ва гуфт: Шумори онҳо акнун ба 30 ҳазор нафар мерасад.

 Ҳамчунин ба гуфтаи манбаъ, дар ҳоли ҳозир 244 мактаби миёна дар ин ҷумҳурӣ вуҷуд дорад, ки омӯзиш ба забони русӣ аст, ки 59 мактаб ба таври комил ба забони русӣ ва дар 185 макта дигар забони русӣ ва тоҷикӣ тадрис мешавад.

 Беш аз 135 ҳазор донишомӯз дар ин муассисот таҳсил мекунанд.

 

Барчасп