Шанхай мизбони панҷумин маҷмаи дифоӣ - амниятӣ дар Чин
(last modified Sat, 18 Nov 2023 17:23:11 GMT )
Ноябр 18, 2023 22:23 Asia/Dushanbe
  • Шанхай мизбони панҷумин маҷмаи дифоӣ - амниятӣ дар Чин

Вазорати дифои Чин аз омодагии ин кишвар барои мизбонии панҷумин маҷмаи дифоӣ - амниятии ҳамкории Шанхай хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садои афғон (Ово), вазорати дифои Чин дар баёнияе бо ишора ба омодагиҳо барои мизбонии панҷумин маҷмаъи дифоӣ – амниятии Созмони Ҳамкории Шанхай эълом кард, ки ин нишаст ба мизбонии Чин ва бо ҳузури коршиносону намояндагони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ва кишварҳои нозир аз 20 то 29 ноябр баргузор хоҳад шуд.

Созмони Ҳамкории Шанхай, шомили кишварҳои Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳинд, Покистон ва Эрон аст. Кишварҳои Беларус ва Муғулистону Афғонистон аз аъзои нозири ин созмон ва кишварҳои Арабистони Саудӣ, Қатар, Миср, Кувайт, Молдова, Мянма, Имороти Муттаҳидаи Араб, Шри-Ланка, Туркия, Непол, Камбоҷа, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ҳам аз шуракои Созмони Ҳамкории Шанхай ҳастанд.

Ҳадаф аз баргузории ин нишаст, тақвияти эътимод байни кишварҳои ширкаткунанда ва густариши ҳамкории кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар заминаҳои дифоӣ ва амниятӣ унвон шудааст.