Сафари раисиҷумҳӯри Тоҷикистон ба Русия
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз( сешанбе) дар чорчӯби як сафари расмӣ озими Маскав пойтахти Русия шуд.
Ба гузориши хабарнигори хабаргузории Форс дар душанбе, «Эмомалӣ Раҳмон» раисиҷумҳӯрии Тоҷикситонро дар ин сафар муовини вазир, вазири хориҷа, дастёри раисиҷумҳӯр дар умури байналмиллалӣ, вузарои дифоъи кишвар, тавсиъаи иқтисодӣ ва тиҷорат, санъат ва фанновариҳои навин ва чанд мақоми дигари тоҷик ҳамроҳи мекунанд.
Бинобар суханони «Абдулфатоҳ Шарифзода», сухангӯи раёсатҷумҳӯрии Тоҷикистон, дар чорчӯби ин сафар музокироти дуҷониба ва васеъи сарони дукишвар ва имзои бастае аз аснод дар боёни он, барномарези шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон то кунун ба унвони раисиҷумҳӯрии Тоҷикистон беш аз 80 бор ба Русия сафар кардааст. Эмромалӣ Раҳмон дар моҳи майи соли ҷорӣ низ ба манзури ширкат дар режаи низомӣ ба муносибати пирӯзӣ дар ҷанги ҷаҳони дуввум ба Русия сафар карда буд.