Хадамоти пизишкии клиники сайёри норвегӣ дар Ҳисор
Клиники сайёри норвегӣ дар Ҳисор хадамоти пизишкии ройгон ироа медиҳад.
Клиники сайёри яке аз шуъбаҳои ширкати норвегии “Normeka International AS” ҳудуди якмоҳ аст дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и ноҳияи Ҳисор хадмоти пизишкӣ ироа мекунад.
Тамомии хадамот то поёни январ ба сӯрати ройгон ба сокинин ироа мешавад.
Духтурон ва мутахассисон бо истифода аз таҷҳизоти муосири тиббӣ амалиётҳои гуногунро анҷом медиҳанд: муоинаи лабораторӣ, томографияи компютерӣ, MRI, систоскопия (ташхиси бемориҳои занона), гастроскопия (ташхиси бемориҳои дарунӣ), колоноскопия (ташхиси рӯдаи ғафс), рентген , УЗИ, инчунин амалиёти гуногуни хурд, аз ҷумла бартараф кардани катарактаи чашмро анҷом медиҳанд.
Ба беморон низ дар давоми 10 рӯз доруҳои ройгон дода шуда, мошинҳои ёрии таъҷилӣ ба беморон хизмат мерасонанд.