Кушоиши бемористони Панҷакент бо ҳимояти ЮНИСЕФ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i109394
Бемористони бемориҳои сироятӣ бо ҳимояти Иттиҳодияи Аврупо ва ЮНИСЕФ дар Панҷакент кушоиш ёфт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 25, 2023 11:59 Asia/Dushanbe
  • Кушоиши бемористони Панҷакент бо ҳимояти ЮНИСЕФ

Бемористони бемориҳои сироятӣ бо ҳимояти Иттиҳодияи Аврупо ва ЮНИСЕФ дар Панҷакент кушоиш ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия-Плюс, ин маркази дармонӣ дорои зарфияти 70 кат аст ва 85 мутахассис ба беморон хадамоти дармонӣ мерасонанд.

 Бинои дуошёнаи бемористон дорои бахши пизишкии бузургсолон, бахши кӯдакон ва бахши муроқибатҳои вежа аст.