Автобусҳо дар Хуҷанд дубора ба ҳаракат даромаданд
(last modified Sat, 25 Nov 2023 08:18:28 GMT )
Ноябр 25, 2023 13:18 Asia/Dushanbe
  • Автобусҳо дар Хуҷанд дубора ба ҳаракат даромаданд

Бо таъмини сӯзишворӣ автобусҳо дар Хуҷанд дубора шурӯъ ба кор карданд.

Пеш аз ин ба далели гаронӣ ва камбуди сӯзишворӣ тараддуди автобусҳо дар шаҳри Хуҷанд мутаваққиф шуда буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадқул Комилов, муовини раиси воҳиди ҳамлу нақли ҳамагонии Хуҷанд гуфт: 20 автобус даршаҳр шуруъ ба кор карданд.

 Комилов афзуд : Бо ҳимояти давлат беш аз 40 тон сӯзишворӣ ба шаҳри Хуҷанд ва минтақаи Суғд тахсис ва маоши ақибмондаи коркунон ҳам пардохт шуд.

 Вай изофа кард : Аҳолии шаҳри Хуҷанд ба вежа донишомӯзон аз роҳандозии дубораи автобусҳо хушҳол ҳастанд. Онҳо мегӯянд амалкарди автобусҳо мушкилоти тараддуди онҳоро то ҳадди зиёде коҳиш медиҳад.

 Ба гуфтаи Муҳаммадқул Комилов, идораи ҳамлу нақли шаҳрдории Хуҷанд бо интишори огаҳӣ ба думболи ронандаи автобус аст, зеро қасд доранд дар рӯзҳои оянда 50 автобуси дигар харидорӣ кунад.

 Пеш аз ин дар соли 2018 масъулони вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд беш аз 100 автобус харидорӣ карда буданд.