Ноябр 26, 2023 11:02 Asia/Dushanbe
  • Кумаки Русия ба Тоҷикистон барои таъмири реактори
    Кумаки Русия ба Тоҷикистон барои таъмири реактори "Аргус"

Русия ба Тоҷикистон барои таъмири реактори "Аргус" кумак мекунад.

Санад дар бораи ҳамкориҳои байни кишварҳо дар соҳаи тадқиқот ба муҳлати панҷ сол бо имкони тамдид дар оянда ба имзо расид.

Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон кори реактори таҳқиқотии "Аргус"-ро барқарор хоҳад кард.

Ин дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии таҳқиқотии Русия дар Донишкадаи Курчатов амалӣ мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Академияи илмҳои миллии Тоҷикистон.

Тибқи ҳуҷҷати баимзорасида, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти технологияҳои табиӣ, физикаи ҳастаӣ ва технологияҳои ҳастаӣ тадқиқот гузаронанд.

Таъкид шуд, ки таҳқиқот танҳо бо ҳадафҳои осоишта анҷом дода мешавад.

Дар рафти сафар 8 санад ҳамкорӣ ба имзо расид, аз ҷумла Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи илмҳои миллӣ, ки бо ҳамтои худ аз Донишкадаи Курчатов Михаил Ковальчук шартномаи шарикӣ ба имзо расонд.

Реактори ҳастаии Аргус дар Тоҷикистон дар солҳои 1980 сохта шуда буд, аммо ҳеҷ гоҳ ба кор андохта нашуда буд. Соли 2016 ҳукумати кишвар барномаи барқарорсозии реакторро то соли 2020 тасдиқ кард.

Ба гуфтаи академияи илмҳо, метавонад барои тавлиди доруҳо барои табобати саратон истифода шавад.

 

Бештар бимхонед: