Феврал 12, 2019 18:00 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии реактори ҳастаии”Аргус” дар Тоҷикистон то 2020

Соли 2020  реактори маҳлулии ҳастаии “Аргус-ФТИ” танҳо бо мақсадҳои осоишта ба кор шурӯъ мекунад.

Дар ин бора раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба нақл аз Форс, бино ба маълумоти Раҳимӣ, дар самти амалисозии барқароркунӣ ва мавриди истифода қарор додани реактори мазкур корҳо ҷарён доранд.

Аз ҷумла, соли 2018 таъмири биное, ки дар он худи реактор ҷойгир аст, ба охир расонида шуд.

Раҳимӣ гуфт, ки моҳи июни соли 2018 конфронси сатҳи байналмилалӣ бо иштироки мутахассисони соҳаи реакторӣ ва соҳаи физикаи ҳастаи давлатҳои Чин ва Русия доир гардид. Дар он намояндагони ширкати “Китайатом”,  “Росатом” ва Институти ба номи Курчатов иштирок намуданд. Дар он тамоми паҳлуҳои вобаста ба фаъолияти ин реактор мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Омода намудани кадрҳо дар соҳаи технологияи ҳастаӣ ва ба кор даровардани реактори «Аргус» яке аз масъалаҳои асосии вохӯрӣ буд, ки ҳалли мусбати худро ёфтанд. Иштирокдорони он ба созиш омаданд, ки мутахассисони соҳаи технологияи ҳастаӣ дар ҳардуи ин давлатҳо омода карда шаванд.

Фаъолияте, ки бо истифодаи реактори «Аргус-ФТИ» анҷом дода мешавад, он ҳам ба нафъи инсоният ва ҳам бо мақсади осоиштагӣ равона мешавад. Яъне ба воситаи он мо метавонем корҳои илмӣ-татқиқотии муштарак ба роҳ монем.

Реактори «Аргус» аввалан самтҳои фаъолияти бисёрҷабҳа дошта, метавонад дар як вақт зиёда аз 40 вазифаи илмиро иҷро кунад.

Баъдан, таҳлили фаъолнокӣ асосан барои соҳаҳои геология, саноати кӯҳкорӣ, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, тиб, биология ва саноати химиявӣ зарур ва муфид аст, ки мо имрӯз ба он эҳтиёҷ дорем.

 

Барчасп