Август 01, 2016 09:39 Asia/Dushanbe
  • Толибон дар наздикии марзҳои Тоҷикистон

Ба гуфтаи мақомоти давлатӣ дар устони Тахори Афғонистон, бо суқути бахшҳое аз фармондории Хоҷағор, гурӯҳи Толибон ба марзи вилояти хатлони Тоҷикистон наздик мешаванд.

Ба иттилои сайти Toptj, Муҳаммадёсини Зиё, устондори Тахор бо тайиди тасаллути Толибон бар фармондориҳои дашти Арчӣ ва қалъаи Зол аз осебпазир шудани фармондории Хоҷағор хабар дод.

Вай ибрози умедворӣ кард, нерӯҳои давлатии Афғонистон битавонанд ба зудӣ ин манотиқро аз ишғоли гурӯҳи Толибон озод кунанд. Дар ҳоле, ки манобеи хабарии маҳаллӣ дар маркази устони Тахор мегӯянд, ки бидуни эъзоми нерӯҳои ҷадиди артиши Афғонистон ба манотиқи даргирӣ имкони бозпасгирии ин фармондориҳо аз ишғоли гурӯҳи Толибон вуҷуд надорад.

Ин манотиқи устони Тахори Афғонистон бо вилояти хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст ва танҳо рудхонаи Аму ин ду кишварро аз якдигар ҷудо мекунад.

Наздик шудани гурӯҳи Толибон ба марзи муштараки Афғонистон ва Тоҷикистон муҷиби нигаронии шадиди мақомоти давлати Душанбе шудааст. Зеро бар асоси гузоришҳо дар таркиби гурӯҳи Толибон теъдоди зиёде аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ҳузур доранд.

Мақомоти амниятии Афғонистон низ борҳо нисбат ба ҳузури шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла тоҷикон дар даргирӣ бо нерӯҳои давлатӣ аз сӯи Толибон ҳушдор додаанд, ки ин афрод дар оянда метавонанд барои кишварҳои худ дардисарсоз шаванд. Албатта аз теъдоди шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар таркиби гурӯҳи Толибон бо нерӯҳои давлатии Афғонистон даргир ҳастанд, иттилои дақиқе вуҷуд надорад.

Коршиносон мегӯянд, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар таркиби гурӯҳи Толибон ҳузур доранд, муътақид ба идомаи ба иддаои онон ҷиҳод алайҳи давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд ва қасди вуруд ба қаламрави кишварҳои ин минтақаро доранд .

Барчасп