Амнияти минтақа-меҳвари гуфтугӯи мақомоти Тоҷикистон ва Амрико
Декабр 02, 2023 14:31 Asia/Dushanbe
Дар дидори муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва сафири Амрико дар Душанбе масоили мухталифе аз ҷумла амнияти минтақаӣ баррасӣ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Фарҳод Салим-муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Мануэл Микаллер- сафири Амрико дар ин кишвар дидор ва гуфтугӯ карданд.
Дар ҷараёни ин дидор, ки дар Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон баргузор шуд, масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷонибаи ин кишвар ва Амрико баҳс шуд ва табодули назар сурат гирифт.
Илова бар ин тайи ин дидор масоили амнияти минтақаӣ, мубориза бо чолишҳо ва таҳдидоти модерн ва аҳамияти густариши ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуд.
Барчасп