Январ 01, 2017 13:15 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати соли нави мелодӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми соли нави худ гуфт, эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо табрики фарорасидани соли 2017 ба мардуми кишвараш, соли 2016-ро соли дастовардҳои муҳим барои ин ҷумҳурӣ донист.

Раҳмон гуфт, тасвиби тарҳи пешниҳодии Тоҷикистон дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эъломи солҳои  2018- 2028 ба унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал, об барои рушди устувор» ҳокӣ аз афзоиши эътибор ва ҷойгоҳи ин ҷумҳурӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ аст.

Вай афзуд, бо дар назар гирифтани нақши ҷавонон дар созандагии Тоҷикистон, соли 2017 Соли ҷавонон номгузорӣ шудааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин бо ёдоварии авзои пайчидаи сиёсӣ ва амниятии минтақа ва ҷаҳон, таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба ин мавзӯъ ва ҳифзи ҳушёрӣ дар баробари таҳдидҳо ва хатароти эҳтимолии амниятиро хостор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, дар шароити кунунӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, иртиқои рӯҳияи меҳанпарастӣ, ҳифзи суботи сиёсӣ ва дифоъ аз манофеъи миллӣ дар соли ҷадид аз муҳиммтарин вазоифи давлат ва шаҳрвандони Тоҷикистон аст.

 

Барчасп