Омодасозии роҳҳо барои зимистон, авлавияти кории Вазорати нақлиёти Тоҷикистон
(last modified Wed, 06 Dec 2023 08:41:34 GMT )
Декабр 06, 2023 13:41 Asia/Dushanbe
  • Омодасозии роҳҳо барои зимистон, авлавияти кории Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Вазири нақлиёти Тоҷикистон, омодасозии роҳҳо, таҷҳизот ва таҷҳизоти кофӣ барои зимистони пеши рӯро дар авлавият қарор дод.

Ба гузориши сомонаи Сутник, дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо ҳузури вазир Азим Иброҳим ва сардорони идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгарди кишвар ҷаласаи ситоди ододагӣ ба зимистон баргузор шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа, тибқи нақшаи чорабиниҳо, масъалаҳои омодагии техникаи роҳнигоҳдорӣ ва таъмини роҳдорон бо либоси зимистона, маводи зиддилағжиш, ҳамлу нақли зимистонии бор ва мусофиркашонӣ ва дигар масъалаҳои марбута баррасӣ шуд.

Вазири нақлиёт омодагии муносиби роҳҳо, техникаю таҷҳизоти дахлдор ба зимистони фарорасидаро масъалаи аввалиндараҷа арзёбӣ намуд.

Азим Иброҳим хотирнишон кард: “Аз сифати кори мо бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, ҳамлу нақли саривақтии бору мусофирон ва фаъолияти мураттаби соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат бастагӣ дорад”.

Гуфта мешавад, вазири нақлиёт ба роҳбарони идораҳои хоҷагии роҳҳои кишвар барои дар муҳлатҳои наздиктарин бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.