Декабр 06, 2023 15:24 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи

Шаби гузашта тими футболи "Ал-Наср" -и Арабистон дар Душанбе дар баробари "Истиқлол"-и Тоҷикистон қарор гирифт ва бо тасовии 1 бар 1 мутаваққиф шуд.

Дар чорчӯби ҳафтаи шашуми Лигаи қаҳрамонони Осиё, ҷидоли тимҳои роҳ ёфтаи "Истиқлол"-и Тоҷикистон ва "Ал-Наср" -и Арабистони Саудӣ бо тасовии як бар як ба поён расид.

Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 32 голи “Истиқлол”-ро вориди дарвозаи "Ал-Наср" кард. Голи тасовии "Ал-Наср" ҳам дар дақиқаи 50 тавассути Абдурраҳмон Ғариб бадаст омад.

Криштиану Роналду ғоиби бузурги ин бозӣ буд.

Дар поёни мусобиқоти ин гуруҳ, "Ал-Наср"  бо 14 имтиёз ба унвони садрнишин роҳ ёфта ва тимҳои "Персеполис" бо ҳашт, “Ал Дуҳайл” бо ҳафт ва "Истиқлол"-и Тоҷикистон бо се имтиёз дар раддаҳои дувум то чаҳорум қарор гирифтанд ва ҳазф шуданд.

 

Барчасп